Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Як пои кавшаш ба даруни об афтод. Дигар вақти гирифтани он набуд. Зуд ба хона омада либосҳоро кашида, ба пӯсти гов андохту ба охур гӯр кард. Асп ҳам ба ҳаво париду аз назар ғайб зад. Худаш омада дар сари донаи арзану биринҷ нишаст. Оби косаро ҳам як қошуқ намак андохта, омезиш дода шӯр кард. Худро чунон вонамуд кард, ки гӯё гиря мекунад. Моиндар бо духтараш омаду бо воҳима ба гап шурӯъ кард:
– Э Маҳтоб ту надидӣ. Аҷоиб шуд. Як тараф суруду бозию рақс, як тараф корвони Рустами паҳлавон, як тараф дорбоз. Намедонам кадомашро гӯям. Аз ҳама ҷолиб ин буд, ки як духтар омад, моҳи тобон, бинаму тамошо кунаму шинам мегӯй, парирӯ, як рӯ моҳтобу як рӯ офтоб. Духтари ким-кадом подшо. Вайро дида ҳама девона шуданд. Шаҳзода ба вай ошиқ шуд.
Маҳтоб бардурӯғ гиря дорад. Духтар моиндараш Чаҳтоб аз алам дод заду гуфт:
– Оча намакоба биёр, мору аждаҳо маро мехӯрад.
Оча зуд рафту мору аждаҳоро буриду намакобро солид. Нашуд, боз баромад. Худаш гиря карда, оби дидаашро молида буд, ки гум шуд.
Дар базм подшоҳ ба писари навҷвонаш гуфта буд, ки аз байни духтарҳо якеро интихоб намо. Ба шаҳзода ҳамон духтари аспсавори париваш маъқул шуда буд. Вале духтар зуд рафту аз назар ғайб зад. Вай кӣ буд, аз куҷо буд, касе намедонист. Чанд рӯз пас шаҳзода ба шикор баромад. Аз қазо аз ҳамон дарё мегузашт, ки аспаш хуркид. Фуромада дид, ки аз таги оби зулоли дарё як

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё