Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Бурда гӯр кард. Кори моиндари ҳилагар, ки дурӯғин буд, зуд сиҳат шуда хест.
Дар кишвар хабар шуд, ки подшоҳ тамоми мардумро ба тӯйи хатнаи писаракаш даъват кардааст. Ҳама ба тӯй мераванд. Як тараф занҳову як тараф мардҳо. Моиндару духтараш ҳам ба тӯй рафтаӣ шуданд. Занак пеш аз ба тӯй рафтан ба назди фолбин рафт. Фолбин гуфт:
– Арзану биринҷро ба ҳамдигар омезиш дода ба пешаш гузору «то омадани ман ҷудо кун», гӯй. Аз алам вай гиря мекунад. Ба пешаш як косаи холӣ ҳам бимон. Гӯй, ки «бо оби дидаат ҳамин косаро пур кун». Агар бо ҳамин оби шӯри чашм духтарат пешонаву манаҳашро бишӯяд, мору аждаҳо дигар пайдо намешавад.
Моиндар аз бахилӣ як халта арзану як халта биринҷро ба ҳам омехта, ба пеши Маҳтоб гузошт, як косаи холӣ ҳам доду гуфт:
– То омадани ман арзану биринҷро аз ҳамдигар ҷудо ва ин косаро аз оби чашмат пур мекунӣ. Агар иҷро нашавад, бегоҳӣ омада мекушамат.
Маҳтоб аз тарс намедонист, ки чӣ кор кунад. Ҳайрону гирёну нолон аз дил мегузаронад: «Ман чӣ кор кунам? То омадани моиндар ин қадар арзану биринҷро чӣ хел ҷудо мекунам. Чӣ хел гиря карда, бо оби дида ин косаро пур мекунам».
Баъд ҳамун дастрӯймолро аз бағалаш гирифта, сару рӯяшро бо вай пок карда, ба пеши охур рафту гуфт:
– Э гови кабудаки азизам, ман ба ҳамин мушкилӣ дучор шудам, чӣ кор кунам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё