Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Тар сарашро хоридан гирифтааст. Хоку рег шал-дар-шалдар аз сари Маҳтоб рехтан гирифтааст. Дили падар ба духтар сӯхтааст. Аз вай пурсидааст:
— Духтарам, чаро ин қадар саратро меҳорӣ?
Маҳтоб гуфтааст:
— Падарҷон, сари ман шабуш кардааст, ягон зан намегиред, ки сару тани маро шушта тоза кунад.
Мард гуфтаст:
— Фарзанди азиз, маро кӣ мегирад? Ман як камбағал, ба зӯр як даҳан нон пайдо мекунам, кӣ ба зиндагии мо тоқат мекунад?
Маҳтоб гуфтааст:
— Падарҷон, як занак ҳаст, ҳамон шавҳар надоштааст, ҳамонро гиред.
Мард ба духтараш бо меҳр нигоҳ карда баъд гуфтаст:
— Оё вай зан зиндагии фақиронаи моро қабул мекунад? Агар вай зан ба ту маъқул бошад, ман мегирам.
Баъд мардак ҳамин занро никоҳ карда гирифтааст. Зан бо духтари худаш, ки Чаҳтоб ном дошт, ба хонаи мард омадааст. Баъд ин занак чанд сол ба Маҳтоб нигоҳубин кардааст. Хонаву дари мардакро обод кардааст. Ҳар чӣ мардак орад, қаноат кардааст. Вале пинҳонӣ ба духтари худаш таваҷҷуҳи бештар доштааст. Рӯзашон ба зӯр мегузаштааст.
Аз байни чанд сол гузаштаст. Маҳтоб калонакак шудааст. Баъд ин занак ба як тугун як олам пахтаро баста ба дасти Маҳтоб медодасту мегуфтаст:
— Духтарам, акнун ту калон шудӣ ба падарат ёрдам кун. Ҳамин говатро ба саҳро бар. Вай то

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё