Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

— Духтарҷон, магар ту модар надорӣ, ки ин қадар чиркинӣ?
Духтар ҷавоб додааст:
— Не, модари ман мурдагӣ, бо падарам зиндагӣ мекунам.
Зан гуфтааст:
— Агар падарат зан мегирифт, вай зан ба ту нигоҳубин мекард. Падарат зан намегирад?
Духтар гуфтааст:
— Падари маро кӣ мегирад, мо камбағал, ба ғайр аз як гов дигар чизе надорем.
Баъд зан гуфтааст:
— Рав, оҳиста ба падарат тап зан, ки маро гирад. Ман тую падаратро нигоҳубин мекунам.
Маҳтоб гуфтаст:
— Не, падарам барои ман шуда зан намегирад.
Зан гуфтааст:
— Агар зан нагирад, ҳам падарат, ҳам ту ана ҳамин хел чиркин мегардед.
Маҳтобак ба гапи зан бовар кардасту пурсидааст:
— Пас, ман чӣ кунам, ки падарам зан гирад.
Зан ёд додааст:
— Ту ба сарат як мушт хоку қум резу ба пеши падарат сарата хоридан гир. Баъд ба падарат гӯй, ки сари ман шабуш кардааст, зан гиред, сару тану либоси маро шӯяд. Ба мо хӯрок пазад – гуфтасту рафтаст.
Маҳтоби хурдакаки зудбовар ба гапи ин занак бовар кардааст. То бегоҳӣ чанд бор ба сараш хоку рег рехтааст. Бегоҳӣ мард аз дашту саҳро омадааст.
Ба сари дастархон шишта нон мехӯрдаст, ки дух-

пешина
аз 264
навбатӣ