Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан
  • Фарзанд, қавли ту мутоъ (мақбул) аст. Ман ҳам медонам, ки ин корҳо хуб наменамоянд. Аммо чора надорам. Зеро ман маҷбур шудам, ки чунин кунам. Ин ҳаракати маро дида мардумони зоҳирбин, ки ҳақиқатро намедонанд, муддатест, ки маро ба сагпарастӣ шуҳрат додаанд. Аммо ман сагпараст нестам...

Хоҷазода қадаре таскин ёфта, боиси ин рафтори ӯро мепурсад:

Хоҷа гуфт:

  • Э фарзанд! Сабаби ба сагпарастӣ машҳур шудани ман ҳам он аст, ки ин асрорро ба касе нагуфтаам. Алҳол чанд гоҳ аст, ки дар ин шаҳр ҳастам ва инъому бахшиши зиёд медиҳам, то ки ин сирри пинҳон ошкор нашавад. Фарзанд! Аз донистани ин қисса ғайр аз ғусса хӯрдан ва дилхун шудан фоида нест. Ту ҳам аз шунидани ин сир даргузар, ки туро ҳам ҳосила нест.

Азбаски хоҷазода матлаби аслии худро вобаста ба зоҳири он ҳол медид, аз фаҳмидани сирри он ҳикоя даргузашта ба таом хӯрдан мешинад ва то муддати ду моҳ он оқила бо хоҷа ба навъе падар ва фарзандона рафтор менамояд ва дили ӯро мерабояд, ки ба ҳусни адаб ва ҷамоли аҷаб ӯро фирефта ва шефтаи худ месозад ва чунон ҳилагарӣ мекунад, ки хоҷа як дам ҳам бе ӯ зиндагӣ карда наметавонидагӣ мешавад. Ниҳоят як рӯз дар поёни мастӣ гиряи аҷиб мекунад. Хоҷа баъд аз қурбон ва садқа шудан сабаби гиряро мепурсад.

Хоҷазода мегӯяд:

  • Э падар! Чӣ гӯям? Кош ба назди ту намеомадам, ки азоби ҷудоӣ дар пешам намебуд. Зеро лозим шудааст аз ту ҷудо шавам. Намедонам, ки ҳоли он пир чӣ шуд. Агар зинда монам ва имконият ёбам, бори дигар ба мулозамат мешитобам...

Хоҷаи ошиқи бечора ва дилдода, ки ин суханонро мешунавад, баъд аз гиряву зорӣ забонаш ба ин ашъор ҷорӣ мешавад:

  • Чу афтодам мани бечора охир дар балои ту, Макун бегонагӣ, ҷонон, ки ҳастам ошнои ту!

Э ҷони азиз ва э нури чашм! Чӣ шудааст, ки ба ин зудӣ аз бандаи пири худ сер шудай ва аз ҳузури ӯ дилгир!

пешина
аз 191
навбатӣ