Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Қулф карда ба сӯи дарвоза рондем. Мо гумон доштем, ки акнун ҳама роҳҳо аз ташвиш холӣ аст. Аммо баръакс, аз шабе, ки духтари подшоҳ ғоиб шуда буд, подшоҳ ҳукм бароварда буд, ки сипоҳиён дар шабҳо бар сари роҳ бошанд ва дарвозаҳоро банданд ва нагузоранд, ки касе берун равад. Касе, ки сафар карданӣ шавад, бояд подшоҳ аз ҳоли ӯ хабардор бошад. Мо аз ин воқеаҳо бехабар, чун ба дарвоза расидем, Беҳзодхон фарёд карда, дарвозабонро бедор кард ва гуфт:
— Э мардак, дарро кушо!
Дарбон моро дида, ларзид ва гуфт:
— Шумо чӣ касонед, ки аз ҳукми подшоҳ бехабаред?
Он ҷавон хандид ва гуфт:
— Э дузд! Магар кӯрӣ, ки ман Беҳзодхон ҳастам ва ин ҷавон домоди подшоҳ аст ва они дигар духтари подшоҳ. Мо ба вилояти Аҷам рафтанӣ ҳастем.

Баъд аз ин гап вай аз асп фуромад ва қуфли дарвозаро шикаст ва ба дарбон гуфт:
— Э сагбача! Мехоҳам, ки хоҷаи нодонат бидонад, ки бо нусрати шамшер духтарро мебарам ва нагӯяд, ки гурехтаам. Бинобар он ҳам ба ту амон медиҳам. В-агарна, як шамшер ба фарқат мезадам, ки то ҷигаргоҳат медарид... рафта ба сардори золимон хабар деҳ, ки аз ақиби мо як фавҷ аскар фиристанад ва боз як бори дигар худро биёзмояд.

Аз ин суханони қаҳрамононаи ӯ тааҷҷуб кардам. Аммо банд-банди ман меларзид. Беҳзодхон моро аввал аз шаҳр берун карду пас худаш аз ақиб омад ва ба аспон нихеб дода (чун гуфта) ба зудӣ рондем. То субҳ роҳ рафтем. Қариби баромадани офтоб ба лаби наҳри азиме расидем, ки дар сари пули он як гурӯҳ аз сипоҳиён нишаста буданд. Онҳо моро дида аҳвол пурсиданд. Беҳзодхон ба онҳо низ ҳамон суханонро гуфт, ки ба дарбон гуфта буд. Ҳамаи онҳо сухани ӯро шунида якбора аз ҷо ҷастанд ва ба аспон нишаста роҳи моро бастанд. Он шердил наҷра зада, бо теғи буррон ба онҳо ҳуҷум кард. Дар як дам ҷамъияти онҳоро парешон сохт, чанд касро маҷрӯҳ, чанд касро берӯҳ карду роҳро аз онҳо холӣ намуд ва гуфт:
— Азизон, гузаред!

Чун фарсаҳе роҳ рафтем, боз аз паси мо аскар расида омад.

пешина
аз 191
навбатӣ