Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Беҳзодхон гуфт:

  • Азизон! Аз равиши кор он аблаҳ ба гирифтани ман лашкар фиристодааст. Хуб, майлаш! Шумо асп давонда ба он пуле, ки аз дур менамояд, рафта истед ва корузорро тамошо кунед. Ман ҷавоби онҳоро гуфта, ба хизмати шумо мерасам.

Ин бигуфт, аз асп фуромада хӯрчини худро ҳам ба ман доду пуштангро сахт баста ва чун шоҳини тезпар ҷаст ва бар зини таковар нишаст ва ба маҳмези хорангез аспро ба ҷасту ҳез даровард ва ҳамла бар он лашкар овард. Ба ҳар тараф, ки рӯ меовард, гурӯҳеро талаф мекард ва ба ҳар сӯ асп метохт, марди бисёрро аз асп ба поин меандохт ва ба ҳар ҷониб, ки ҷавлон менамуд, ҷамъияти ҷамоатеро парешон менамуд, бо ҳамин роҳ ҷангида-ҷангида ба сӯи байракдор мерафт. То ин ки ба сардори лашкар расид. Онҳо бо ҳам ҳамла карданд. Ӯ низ яке аз диловарони номӣ буд. Дар вақти ҷанг ҳамлаҳои Беҳзодхонро далерона рад мекард. Охир Беҳзодхон наъра кашида, чунон шамшере ба фарқи он мард фуровард, ки сарашро шикофта то ҷигараш банд гардид. Баъд бо ҳамон шамшер байракдорро бо байракаш чор бӯлак карда партофт.
Сипоҳиён сардорро кушта ва байракро сарнагун диданд, рӯбоҳвор ба ақиб гашта гурехтанд. Он шерсавлат то ним фарсах аз ақиби онҳо метохт ва мезад. Баъд аз он ба канори наҳр баргашта, ҷангу чангол аз хуни хасм шуста, аз он ҷо бар асп нишаста, ба пои пул омад ва ба мо узрхоҳӣ карда гуфт:

  • Э азизон! Имрӯз озори бисёр кашидед, ба карами худ бар банда бубахшед.

Мо ба мардонагии он шери нарин таҳсин ва офарин хонда савор шудем. Он шаби тираро буридем, рӯзи дигар ба маргзоре расидем. Дар он ҷо фуромада истироҳат кардему боз ба роҳ даромадем, то он ки аз сарҳади Фаранг гузаштем.
Аз оянда бехабар, ман хушҳол шуда асп мерондам. То он ки баъд аз нӯҳ моҳ қадам ба вилояти Аҷам ниҳодем ва аз ин ҳол падарам хабар ёфта, бо ҳавоси боргоҳ ва ходимони даргоҳ ва раияту сипоҳ ба истиқбол шитофт. Дар панҷ фарсангии шаҳр рӯдхонаи азиме буд. Мо вақте ки ба канори рӯд расидем, дидам, ки падарам дар он тараф чилав кашида мунтазир аст.
Чун ӯро дидам, аз ҳамон ҷо аспро ба об андохтам. Бо сад гуна азоб аз он дами марг аспро ба канор кашидам ва чун ба

пешина
аз 191
навбатӣ