Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

пора кард ва ба сихкабобпазӣ сар кард. То ба хестани духтар сихкабобро тайёр карду дасти адаб баста рост истод. Духтар бедор шуду аз омадани ӯ хабардор шуда ба дӯғ задан ва эътироз кардан сар кард. Он ҷавони қоидадон, монанди ғуломон рост истода сари хиҷолат ба зер афганда, гуфт:
— Э маликаи ҷаҳон! Гуноҳи банда беш аз он аст, ки шумо мегӯед. Аммо аз марҳамати шумо умеди афв ҳаст. Дар вақте ки қиблагоҳиям ба хизмати шумо рафтанд, фақирро ба хотир расид, ки ҳайф сад ҳайф, ки тӯҳфае барои пешкаш надорам. Бинобар он бо ҳамин мақсад ба саҳро рафтам ва шикоре карда овардам. Дигар, ихтиёр ба валинеъмат аст.

Дарвешон! Он ҷавонмарди аҳли дард ба нафъе бо фурӯтанӣ (худашро паст зада) сухан мекард, ки аз хиҷолати ӯ наздик ба ҳалокат расидам. Аммо вай зуд шишаи майро ҳозир кард ва аз нуклу маю мурғу маза дастурхони нав андохт. Баъд бо адаби тамом қадаҳ ба гуландом дод ва ба зудӣ зуд кабоби шикорӣ расонид. Он моҳталъат аз қобилияти ӯ хурсанд шуда, ба пешаш чеғ зада, ҷоми май ба ӯ бахшид. Вай гирифта таъзим карда, гуфт:
— Умрат бо комронӣ ва рӯзгорат бо шодмонӣ бод! Пас лоҷуръат даркашид.

Дарвешон! Қисса кӯтоҳ, се моҳ он мард камари хизмат бар миён баста дошт ва ягон чизи майдаро ҳам аз расму одоб фурӯ намегузошт. Баъд аз се моҳ, шабе маро ба хилват чеғ зада, гуфт:
— Бародар! То сад сол, агар дар хонаи ман бошӣ, агар зинда бошам, бандагиат мекунам. Дар ин бора чизе ба хотират нарасон! Аммо агар хоҳӣ, ки равӣ, ман дар хизматат ҷонфишонам ва туро бо маъшуқаат ба манзили мақсуд расонам.

Гуфтам:
— Ин маслиҳат дуруст аст, ин кори ту айни лутфу ёрист. Зеро медонам, ки падари пирамро аз аҳволи ман хабаре нест.

Чун ин суханро шунид, тайёрии сафарро сар кард. Рӯзи дигар ин маслиҳатро ба он симинбар гуфт. Вай низ фикри ӯро писандид. Рӯзи дигар он мард се сар асп, либоси сипоҳиёна, аслиҳа ва се хӯрчини пур аз зару гавҳар ва тӯшаи сафар муҳайё сохт. Ман аспҳоро зин кардам ва худам мусаллаҳ ва мукаммал гардидам. Баъд хӯрчинҳоро ба пушти аспҳо андохта савор шудем ва дари хонаро монанди пештара

пешина
аз 191
навбатӣ