Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Кӯча даромадам. Дидам, ки ин кампир мургҳоро ба дур андохт ва мегуфт: «Ҳамин ҷома барои нишона бас аст!». Ман ба худ андешидам, ки дар ин кӯча ба ғайр аз хонаи ман хонаи дигар нест ва ин мурғи бирёнкардаи ман аст. Бинобар он кампирро чег зада аз ҳолаш пурсидам. Гуфт ки: «Духтарамро вазъи ҳамл (сабук шудан) наздик шуда озор мекашад. Бинобар он ба ин хона даромадам, ёрӣ талабидам. Хоҷа ва хоним, ки Худо умри дароз ба онҳо диҳад, инҳоро ба ман доданд».
Аз ин гап шубҳаам рост баромад ва ба ӯ гуфтам: «Модар, биё, ки аз ин гӯшти шикорӣ ҳам ба ту қадаре диҳам!..» Пиразан гуфт, ки: «Худо хайр диҳад, вақт мегузарад» ва хост, ки аз дастам гурезад. Ман зуд ӯро гирифта ба хона овардам ва сазояшро додам. Акнун дилхуш бош ва хотирҷамъ бинишин, ки агар сад сол дар ин хона бошӣ, эмин аз ҳар ошнову бегона бошӣ. Э фарзанд! Маро Беҳзодхони роҳзан мегӯянд, ки подшоҳони фаранг аз бими ман ва аз зарби шамшери ман хоби роҳат намекунанд. Ман чанд вақт пеш аз ин мулозими амаки ин духтар шуда хизмат мекардам. Вақте ки падари духтар бародарзодаашро кушт, таркӣ мансаби худро карда, роҳзаниро пеш гирифтам, подшоҳ ва сипоҳ бар ман тоб наёварданд... охир аз ин кор тавба карда, дар хона танҳо менишинам ва гоҳ бедимоғ шавам ба шикор меравам ва бо касе мусоҳиб намешавам. Акнун ту гӯй, ки кайфияти аҳвол чист ва чӣ сон ба ин макон расидӣ? Ба чӣ сабаб дарро кушодӣ?
...Ман ҳам тамоми саргузаштамро аз аввал то ба охир гуфтам. Воқеаи ба дари хона расидан, дасти тассуф ба дандон газидан ва ба ғулом туҳмат задан – ҳама, ҳамаашро гуфтам.
Он ҷавони бокамол аз шунидани ин мақол хушҳол шуд. Бори дигар чашмамро падарона бӯсид ва гуфт:
– Офарин, хуб кардӣ, мувофиқи хоҳиши ман сухан гуфтаӣ.
Акнун аз ту ҳаминро хоҳиш мекунам, ки бузургона рафтор намоӣ ва ҳамон беҳ, ки маро ғулом гуфта хитоб кунӣ; агар ҳамин тавр кунӣ, ман аз ту хурсанд мешавам ва ба ҷону дил хизмат мекунам.
Ман сари ҳиҷолат ба пеш афгандам ва раҳмат гуфтам.
– Э бародар! – гуфт, – ба ҷои худшин ва ғам нахӯр!
Аз бисёрии дилдории он ҷавон шарманда ва сарафганда ба иморат рафтам. Он ҷавон оҳуро аз пӯст бароварда гӯшташро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё