Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Ҳавлӣ расида, зуд аз асп фуромаД ва аҷузаро чунон бардошта зад, ки ба замин нақш баст. Баъд найзаро ба дур андохту ба сари кампир тохт. Як пои ӯро аз дарахте овехт ва пои дигарашро ба даст гирифта, то ба ҳалқаш ба ду тақсим кард. Баъд аз он як нафас рост кард, оҳуро аз фитрок кушоду сар бурид.
Ман чун ғазаб ва бебокии ӯро дидам, тамом ларзидам, тамаъ аз ҷон буридам ва яқин донистам, ки аз дасти он палангсавлат саломат халос шуда наметавонам.
Дар ин дам чашми вай ба ман афтод ва гуфт:
— Э ҷавон, пеш биё.
Лоилоҷ лоҳавлгӯён пеш рафтам.
Ӯ гуфт:
— Э бедавлат! Бе фикр мардум ин гуна корҳоро монандӣ ту мекунанд... Агар меҳмон намебудӣ, чунон ҳалқа дар гӯшат мекардам, ки тамоми ҷоҳилонро танбеҳ мешуд.
Чун ин сухан шунидам, ҷуръат пайдо карда пеш давидам, ки ба пояш уфтам. Аммо вай бағал кушода маро дарбар кашид ва ҷабинамро бӯсид ва хандида, гуфт:
— Э золим! Касе ҳамчунин кори бузургеро пеш гирад ва боз чунин бепарво нишинад, лоақал дарро ҳам набандад?!
Инро шунидам, ба ёдам омад, ки дарро набаста будам.
Донистам, ҳақ ба ҷониби ӯст. Забон ба узр кушодам ва дасташ бӯсидам.
Ӯ гуфт:
— Ин кушташударо мешиносӣ?
Гуфтам:
— Бале, даме пеш аз ин дида будам.
Гуфт:
— Сабаби кушта шуданаш чист?
Гуфтам:
— Намедонам!
Гуфт:
— Бародар, бахт ёр шуд, ки ман дар вақташ расидам ва ин кампири фиребгарро дидам. В-агарна, ҳамин дам ба хории тамом бар дори сиёсат кашида мешудӣ. Ин маккора яке аз ҷосусон буд, ки ба талаби шумо гирди маҳаллаҳоро мегашт.
Ҳоло оташе дар ин шаҳр месӯзад, ки шарҳи он натавон кард!
Ман аз шикор гашта, дар шаҳр ин хабарро шунидам ва ба ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё