Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
шоҳ даромад, замини адаб бибӯсид ва ба сони булбули ҳазордостон1 ба ин мазмун санохон шуд:
– Чӣ шуд, ки бар гули ораз гулоб мерезӣ, Ситора баҳри чӣ бар офтоб мерезӣ?
Подшоҳо! Сабаби андӯҳ ва малол ба хайру хубӣ анҷом ёбад! Оё боиси ғамат чист?
Озодбахт ба тозагӣ боз сели ашк аз дида равон сохт ва гуфт:
– Чаро парешонхотир ва дилозурда набошам, ки муддати дароз умри азиз зоеъ ва хазинаҳо сарф ва лашкарҳо талаф кардам, то ин мамлакатҳоро ба тасарруф даровардам. Вале ҷонишине надорам, ки баъд аз ман тоҷу тахти маро соҳиб шавад. Боз душманиони ман мустақил хоҳанд шуд ва ранҷи ман беҳуда меравад.
Равшанрой чун ин сухан шунид ва зории подшоҳро дид, ба насиҳат даҳан боз кард ва гуфт:
– Умрат дароз ва давлатат бардавом бод! Инҳо хаёли фосиди2 шайтонӣ ва қадри неъматро надонистан аст... Валинеъмат, худ мефармоянд, ҳар гоҳ ки дунёро бақо ва ҳаёти онро вафо набошад ва подшоҳро фарзанде, ки ворис ва ҷонишин тавонад буд, набошад, пас дар дурӯза умри зиндагонӣ ғам набояд хӯрд ва то ҳаёт боқист ба айшу ишрат ба сар бояд бурд ва ҳар нафасро ғанимат бояд шуморд.
Агар матлаб фарзандёбӣ бошад, бояд, ки дар нимшабон ва бомдодон ва гоҳ-бегоҳ аз Худо талабӣ, садақа ба дарвешон ва мискинон бидиҳӣ ва бандиёни бегуноҳро озод кунӣ... то ки Худо ба ин васила ба ту раҳм оварад ва чароғатро равшан кунад.
Ҳамчунин ӯ насиҳатҳои дилпазир мегуфт. То ки ба сайқали насиҳати он мард занги кудурат аз оинаи хотири подшоҳ дур гардид ва филҷумла дилаш таскин ёфт, забон ба меҳрубонӣ кушуд, аҳволи умаро ва аъён пурсид. Равшанрой замини хизмат бӯсида арз намуд, ки:
1 Булбули ҳазордостон – булбул, булбули хушилҳон.
2 Фосид – вайроншуда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё