Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Рӯзе, баъд аз намози бомдод оина гирифта, ба мулоҳизаи ҷамоли худ машғул гардид, чанд мӯи сафед дар риши худ дид ва аз ин ҷиҳат افسурда ва хотирозурда гардида, ба хотир гузаронид, ки «дареғ ва афсӯс, ки муддате умри худро табох кардӣ ва хизона сарф намудӣ ва лашкар ба куштан додӣ ва то ҳол даме наосудӣ ва дами обе ба фароғат نaоšomidi! Ҳоло пайки¹ ачал, яъне мӯи сафед қадам ба мулки танат гузошта ва ба ту пайгоми маргро аз рӯи хатти губор мехонад. Ҳайф, сад ҳайф, фарзанде, ки тоҷу тахти туро соҳиб ва ҷонишин бошад, надорӣ ва ин ҳама моҳу мулки ту ба душман мегузарад.

Афсӯс, ки умрро вафо нест,
В-ин гардиши меҳрро бақо нест.
Гуфтам, ки чу пириам кунад паст,
Фарзанди азиз гирадам даст.
Шарти писарӣ ба ҷой орад,
Номуси маро ба пой дорад.
Шуд умр табоху ҳол абтар,
В-ин ком маро нашуд муяссар!»

Шоҳ аз бисёрии ғаму ғусса се рӯз аз хилват набаромад ва ба кори мулку давлат напарддохт ва бо оҳу дард рӯз мегузаро-нид. Аз ин ҳол ғулғула ва ошӯб дар боргоҳ ба миёни умаро ва вазирон ва аркони давлат ва аъён афтод. Авомуннос² хаёлҳои аҷиб мекарданд.

Вазирон баъд аз се рӯз ба ҳамин маслиҳат омаданд, ки ва-зири аъзам, ки ҳамсӯҳбат ва мукарраби подшоҳ ва одами боэътимод буд ва подшоҳ ӯро аз ҷиҳати мӯсафедиаш ва ка-моли дӯстиаш падар хитоб менамуд ва Равшанрой ном дошт, ба назди подшоҳ равад, тафтиши ҳоли ӯро карда ояд. Вазири аъзам таклифи ёронро қабул карда ба сӯи хилваткадаи шоҳ рафт. Чун дарбонон ва қаровулон ӯро ҳамсӯҳбати хоси подшоҳӣ медонистанд, мумоноат карда натавонистанд. Ӯ ба ҳавлии ҳарами хос расид ва аз ходимони он ҷо барои ба пеши шоҳ даромадан рухсат хост. Чун садои ӯ ба гӯши шоҳ расид, ишора намуд, то рухсат диҳанд. Чун Равшанрой ба назди

1 Пайк — хабаррасон, хатбари пиёда.
2 Авомуннос — оммаи мардум

пешина
аз 191
навбатӣ