Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Агарчи расми гулрухон аст, аммо начандон ки аз ҳад бигзарад. Охир, на ҷавоби салом воҷиб аст? Фидоят шавам! Агар аз пир озурдагӣ дорӣ, ишора фармо, то ӯро сазо диҳам.

Ӯ ҳеҷ ҷавоб надод. Ҳарчанд ҷазаъ (бетоқатӣ) кардам, қабул нашуд. Наздикаш рафтам ва сар ба пояш ниҳодам, сарам ба дард омад. Чун некӯ мулоҳиза намудам, дидам, ки он нозанинпайкарро аз санг тарошида буданд ва наққошони мониқалами мушкинрақам чеҳракушой намуда. Оҳ аз дил кашидам ва ба худ гуфтам, ки «Дидӣ, охир дил ба чӣ сангдиле додӣ ва ба рӯи худ абвоби (дарҳои) меҳнат ва машаққатро кушодӣ!..»

Рӯй ба пир оварда гуфтам:
— Э ҷохили гумроҳ! Э пири дилсиёҳ! Э шайхи шӯъбада (найранг)-боз, э найрангфурӯши фусунсоз! Ин ҳама аҷибу ғариб сохта ва пардохтай, ин чӣ доми балост, ки андохтай ва бечорагонро ба ин васила мерабой ва ба бутпарастӣ роҳ менамой?!

Он мард табассум кард ва ҷавоб дод, ки:
— Э ҷавони тундхӯ! Қош, гузори ту ба ин макон намеафтод. Ман кай розӣ ам, ки касе бо ман шарик бошад.

Гуфтам:
— Бале! Алҳол, ки ба доми тазвир (хила) банд шудаам:

Дидор менамоиву парҳез мекунӣ, Бозори хешу оташи мо тез мекунӣ!

Ҳамоно дуое, ки аввали шаб кардӣ, муассир афтод: мегуфтӣ, ки илоҳӣ ба рӯзи ман нишинӣ. Алҳол фикри дили зори маро кун ва чораи ҷони фигорам намо! Аввал гӯй, ки соҳиби ин сурат ро куҷо дидай ва кист? Аз ин суратпарастӣ чӣ дидай? Матлаб аз ин канораҷӯии халқ чист? Туро чӣ ном аст ва ин санам чӣ ком аст?

Гуфт:
— Э фарзанд! Ин ҳикоят нагуфтани аст ва нашуданӣ. Ҳамон беҳ, ки аз ин моҷаро даргузарӣ ва ранҷи беҳуда набарӣ. Ин суратро нодида ангор (гумон кун) ва чунон пиндор, ки хобе дидай!

Гуфтам:
— Сурат надорад, ки то таҳқиқи ин сурат накунам, аз сари он даргузарам...

пешина
аз 191
навбатӣ