Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

НАЗМ

Бибурд аз ман қарору тоқату хуш, Бути сангиндилу симинбаноғӯш.
Нигоре, чобуке, шӯҳе париваш, Ҳарифе маҳваше, турке қабопӯш.
Зи тоби оташи савдои ишқаш, Ба сони дег доим мезанам ҷӯш.
Чу пероҳан шавам осудахотир, Гараш ҳамчун қабо гирам дар оғӯш.
Агар пӯсида гардад устухонам Нагардад меҳраш аз ҷонам фаромӯш Дили динам, дилу динам бибурдаст, Бару дӯшаш бару дӯшаш, бару дӯш!
Давои ту, давои туст, Ҳофиз, Лаби нӯшаш, лаби нӯшаш, лаби нӯш!

Беихтиёр наъра зада беҳуш шудам. Вақте ба худ омадам, ки он мард оби сард ба рӯям мезад ва гирён-гирён мегуфт:

Ҳар бедиле, ки гашт чу ман мубталои ишқ, Бечоратар зи мост, бар ӯ раҳм воҷиб аст!

Гуфтам:
— Эй пири пур аз макр ва тазвир1. Ин турфа санам кист, ному насабаш чист? Ин гул аз кадом гулзор аст ва ин сарв аз кадом ҷӯйбор аст? Ба кадом дудамон (хонадон) шикаст додай ва ин ҳурвашро чӣ сон ба даст овардай?
Гуфт:
— Аз худаш пурс!
Сар бараҳна карда, пеш рафтам ва салом гуфтам:

— Бараҳна пеши ту оям ба расму роҳи фарангӣ, Ки ман гадои фарангам, ту подшоҳи фарангӣ!

Ҷавоби салом нагардонд ва илтифот накард.
Гуфтам:
— Эй моҳи зӯҳраҷабин ва эй гулизори нозанин! Тағофул

1 Макр ва тазвир — ҳила ва фиребгарӣ, қаллобӣ.

пешина
аз 191
навбатӣ