Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Суҳбат кардан барои ман давлати бузург. Лекин хӯҷаинамон фармудаанд, ки ордро ҳар чӣ барвақттар ба новойхонаашон расонам, ки новойҳо интизор.

– Ҳамин гапа гуфту боз панди ба сад танга харидааш – «Аз насибаи пагоҳӣ рӯй матоб» ба ёдаш омад. Панд ба ёдаш омаду:

– Хайр, падар, дар ин файзи саҳар суханатон нашиканад, – гуфта ба меҳмонхонаи ордфурӯш даромада, ба сари дастархон нишаст. Писари савдогар дар хонаи ордфурӯш як пиёла чой ба даст гирифту ин дам зани хӯҷаинаш печу тоб хӯрда, фикр кард, ки бо айби вай як каси бегуноҳ нобуд мешавад, бояд рафта, пеши ин корро гирад, нагузорад, ки новойҳо ӯро ба даруни танӯри тафсон партоянд. Ҳамин хел фикр карду аз маргаш бехабар тозон омада, ба нойхона даромад. Ӯ аввалин касе буд, ки ин саҳар ба новойхона қадам монд. Новойҳо ӯро доштанду ба даруни танӯри тафсон партофтанд. Дере нагузашта писари савдогар ароба ронда расида омад.

– Хайрият дер кардӣ, обашад ҷоят даруни танӯри тафсон буд, - гуфтанд ба ӯ новойҳо ва он чиро, ки хӯҷаин фармуда буд, ба ӯ нақл карданд.

– Ман аз насибаи пагоҳӣ рӯй натофтам, – гуфт писари савдогар, – панд ҷони маро халос кардааст.

Ин замон хӯҷаин даромада, писари савдогарро

пешина
аз 161
навбатӣ