Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

АфсонаҚисса
Аз аввал хондан

Род шудааст, — гуфтанд савдогарон.

Айёриддин ин гапи аҷоибро шунида, тозон пеши модараш рафту шунидаҳояшро нақл кард. Баъд савганд хӯрд: «Агар рафта, дурӯғпардозиро ба авҷи аълояш расонда, духтари мири Сарводаро нагирам, дар ин дунё номи ҷавонмардӣ ба ман ҳаром аст».

Модараш бошад, доду фарёдкунон:
— Бачаҷонакам! Дилу ҷигарам! Ороми ҷонам! Ман буду шудамро, ҳар чӣ ки ёфта будаму тофта будам, як пули сиёҳ намонда, сарф карда, ба сад мазор нӯгча гирондаю назр дода, бо хости Парвардигор туро ёфтаам! Ту бо он мири Сарвода, ки бераҳм асту ҷаллод сар ба сар нашав! Ту, як подабонак куҷову домоди мир шудан куҷо?! Ту пеши вай як пашша ҳам нестӣ! Нобуд мешавӣ, писарам! Бекасу ғариб мешавам ман, писарам! — гуфта, зор-зор гиря кард.

Аммо кал кали айёр буд, илоҷи кор ҷуст, сад баҳона пеш оварду сад дурӯғ ба модар гуфту роҳи Қалъаи Сарводаро пеш гирифт. Ба қалъа расид ва ба посбонҳо гуфт:
— Аз мири Қаратоғ ба мири Саратоғ номаи махфӣ дорам, фармон гирифтааст, ки бевосита ба дасти мир супорад. Дарбонон ӯро рост ба пеши мир дароварданд, ки ҳамаи вазиру вузаро,

пешина
аз 161
навбатӣ