Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Шайхулислому қозикалон он ҷо ҳузур доштанд. Кали айёр одоби саломро ба ҷо оварда, дар поёни хона дузону нишасту ба нақл сар кард:
— Ҷаҳонпаноҳо, — гуфт вай, — ман фарзанди як камбағал ҳастам, аз падару модар якта зоида шуда будам, мурда — мурда се нафар мондем. Ман ҷомаи беостин, акаам ҷомаи бебар, додарам ҷомаи бедоман мепӯшидем. Мо ҳамдигарро намешинохтем, чи хеле ки кӯр кӯрро дар шаби торик мешиносад, дар як шаби торик мо ҳамдигарро дида шинохтем. Қарор додем, ки ба саёҳати дунё баромада, пастию баландии оламро бинем, аммо на ба гӯшаи роҳ мерафтему на ба мобайни роҳ, рафта-рафта аз мобайни роҳ баромада мондем.
Рафтему рафтем, ба лаби сойе расидем, ки нами обе набуд. Моҳигире шаст афкандаасту худаш куҷое рафтааст, мо аз шаст се моҳӣ ба даст овардем, яке мурда дуи дигараш беҷон. Моҳиҳоро яктагӣ гирифта, ба роҳ баромадем. Ба ҷое расидем, ки аз пеш се хона баромад, яке аз ин хонаҳо болояш кушода буду дуи дигараш бом надошт, ба хонаи болокушода даромадем, ки он ҷо сето дег буд, таги якташ шикоф буду дуи дигараш таг надошт.
Моҳиҳоро ба деги тагшикоф андохта, алавро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё