Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

— Рост мегӯяд, — ҷавоб дод Давлатхотун, — ман заншавандаи ӯ будам. Ин писари қозии маро ба зӯрӣ гирифтанӣ шуд, мо ноилоҷ гурехтем.

Мардум аз шунидани ин гапҳо дар ғазаб шуда, ба писари қозию одамони ӯ ҳуҷум карданд. Одамони қозӣ тарсида, гурехта рафтанд.

Девонаҳусайнию Давлатхотун озод шуда, қарор доданд, ки ба ҷои дигар нарафта, дар ҳамин шаҳр дар байни ин мардуми нек зиндагӣ кардан гиранд. Онҳо хушбахт буданду умри дароз диданд, шумо ҳам хушбахт бошеду умри дароз бинед.

СЕ ДУРӮҒЕ, КИ ҲАР КАДОМАШ ЧИЛ ДУРӮҒ ДОРАД

Буд, набуд, будгор буд, замин набуд, шудгор буд, як кали арзанкор буд, якта нахӯд буд, худаш бисёр буд. Ӯ дар Қаратоғ ном қишлоқе зиндагӣ мекарду як модари пире дошт. Номи аслиаш Айёриддин ва касби аслиаш подабонӣ буд, ба подаи вай на гург наздикӣ мекарду на хирс. Айёриддин подаашро ҳамеша ба Ҳазормеш ном кӯҳи сералаф меронду лаби ҷӯйбору сари санг нишаста, кабки бирёну фатири тасфон хӯрда, гул чидаву ба пушти гӯшаш зада, кайфу сафо карда мегашт.

пешина
аз 161
навбатӣ