Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Дар гардани ӯ завлию дасташ баста, Шере ба даруни маргзор оварданд.
Давлатхотун дар ҷавоби ӯ як байт хонд:
Ҷонакма фидои ту кунам, ёр, натарс!
Дар сояи гул бишинӣ, аз хор натарс!
Мардони замон сар бари ошиқӣ диҳанд,
Шерона қадам бимону аз дор натарс!
Мардуми шаҳр суруди Ҳусаинию Давлатхотунро шунида, ба тамошо баромаданд. Онҳо диданд, ки як духтари соҳибҷамолу як ҷавони нозанинро баста бурда истодаанд.
— Инҳоро чаро бастаед, ба куҷо мебаред? — пурсиданд онҳо аз одамони қозӣ.
Писари қозӣ пеш баромаду Девонаро нишон дода гуфт:
— Ин беномус зани маро дуздида бурда истода буд, дастгираш кардем.
— Барои чӣ зани инро дуздидӣ? — пурсиданд мардум аз Девонаҳусайнӣ.
Девона гуфт:
— Ин духтар номзади ман буд, мо ҳамдигарро дӯст медоштем, аммо...
Ӯ воқеаи шудагиро як-як гуфта дод.
— Ҳамин ҷавон рост мегӯяд? — пурсиданд мардуми шаҳр аз духтар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё