Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Хостгорҳо кампирро ба ҷону ҳолаш намонда, розӣ кардаӣ шуданд. Кампир зорию тавалло мекард, розӣгӣ намедод. Онҳо рафта воқеаро ба қозӣ гуфта доданд.
— Ман қозии шаҳр бошаму беваи бекас гапи маро намегирифтааст! — фарёд кард қозӣ дар ғазаб шуда. — Ризогии ӯ шарт нест. Чизе, ки ман хоҳам, ҳамон мешавад!
Баъд қозӣ тӯйи фотиҳа сар кард. Ана чорвокушию мана нонбандию ошпазӣ — як тӯйи калон сар шуд.
Давлатхотун гирякунон ба хонаи холаш рафт. Мерафту ба писари холаш муроҷиаткунон нола карда мегуфт:
Аз ту, ки ҷудо шавам, ба дил орам нест,
Ҳоҷат ба қасам хӯрдани бисёрам нест.
Гарчанд маро баранд бар боғи биҳишт,
Сад боғи биҳишт бе ту даркорам нест.
Боз ба шамол илтиҷо намуда месароид:
Поён равӣ, дуо бигӯ ёри маро,
Каҷмиҷаву каҷабрӯ — харидори маро.
Ёракма бигӯ, ки соз кунад кори маро,
Аз доми бало халос кунад ҷони маро!
Холаш ҳоли табоҳи ӯро дида пурсид:
— Эй фарзанди азиз, ба ту чӣ шуд, чаро ран-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё