Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Қозӣ буд. Писари қозӣ аз паси сайд зада ба ҳавлӣ даромада Давлатхотунро дида монду ошиқи зор шуд ва ҳамон замон ба хонаашон баргашта ба модараш гуфт:
– Ба падарам гӯй, дар фалон ҳавлӣ духтаре ҳаст, ки ман ҳеҷ гоҳ монандашро надида будам. Агар вай ба ман зан гирифта доданӣ бошад, ҳамон духтарро гирифта диҳад. Агар не гӯяд, каси дигарро ба занӣ намегирам!
Модараш ин гапро ба қозӣ расонид. Қозӣ бисёр фикр карда гуфт:
– Ба писари яккаю ягонаи ман духтари камбағали бекасу бесоҳиб сазовор нест. Мардум мегӯянд, ки худаш қозию зӯраш ба келин кардани ягон духтари бой нарасида, як духтари пойлучро ба писараш гирифта дод. Ман ба ӯ духтари ҳокими шаҳрро гирифта медиҳам.
Писари қозӣ гапи падарашро шунида гуфт:
– Падарам чӣ коре, ки кунад, кардан гирад. Ман ғайр аз ҳамон духтар ҳеҷ касро намегирам.
Қозӣ ноилоҷ як-ду калоншавандаро ба хонаи духтар хостгорӣ фиристод. Кампир ҳайрому ғамгин шуда гуфт:
– Не, не! Духтари ман ба хоҳарзодаам – Ҳусайнӣ фотиҳа шудааст!
– Беақлӣ накун! – гуфтанд хостгорҳо. – Нонро пеши по назан! Илоҷи девона осон аст, худамон ба ӯ ягон духтари камбағалро ёфта медиҳем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё