Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Девонаҳусайнӣ нигоҳ карда монд. Ҳусайнӣ ба хона баргашта, бо модараш хайрухуш карду борхалтаашро ба китф партофта баромада рафт. Вай якчанд муддат дашту саҳро, кӯҳу биёбон, деҳу дарё тай карда, ба як шаҳр расид. Дар он шаҳр ба як бой мардикор шуд.

Тирамоҳ буд, зимистон расид, зимистон гузашт, баҳор омад, баҳор рафту тобистон шуд. Девона машғули мардикорӣ буд.

Давлатхотун бошад, дар ҳасрати дидори писари холаш оҳи сард аз дили пурдард кашида, булбул барин хониш мекард:

Ёрам рафтааст, дилам хароб аст имрӯз,
Дар ҳар миҷаам қатраи об аст имрӯз.
Гӯянд, ки хоб кун, ба хобаш бинӣ,
Эй бехабарон, чӣ ҷойи хоб аст имрӯз!

Хоб аз дидагони ӯ парида, чашмаш ба роҳи ёри дилхоҳаш чор шуда буду худ ба худ мегуфт:

Ин роҳи дароз об надорад, чӣ кунам?!
Ду чашми сарам хоб надорад, чӣ кунам?!
Ду чашми сарам роҳи туро менигарад,
То омаданат, ҷабр аз сарам мегузарад!

Рӯзе Давлатхотун ба рӯи ҳавлӣ баромада, тоқӣ дӯхта нишаста буд, ки ногаҳон кабке парида омада, ба пешаш афтод. Ин кабк сайди писари

пешина
аз 161
навбатӣ