Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Шиддат гирифту як рӯз ба модараш сирри дилашро кушода, илтимос кард, ки пеши холаш рафта хостгорӣ кунад.

Модараш хеста, ба пеши хоҳараш омада гуфт:
– Хоҳар, ту якта духтар дорӣ, ман якта писар, онҳо калон шудаанд, биё, акнун ҳардуямон қудо шавем.

– Хуб, магар не мегӯям, – гуфт хоҳараш, – садқаи писарат шавам, ман ҳазор бор розӣ, духтарам Давлатхотун ӯро ҳам дӯст дошта мондааст, шабу рӯз гапи ӯро мегӯяд.

Девонаҳусайнӣ розӣ шудани холашро шунида, хеле шод шуд.

Баъд ӯ ба духтар як куртаю як рӯймол харида фиристоду ба модараш гуфт:
– Модарҷон, мо барои тӯй ҳеҷ чиз надорем, тӯй худ аз худ намешавад, ман мардикорӣ меравам, се – чор танга ёфта меоям, тӯй мекунем.

– Хуб, писари азизам, – гуфт модараш, – холаат аз гапаш намегардад.

Девонаҳусайнӣ баромада, ба хонаи холаш омад.

– Холаҷон, – гуфт, – фотеҳа диҳед, мардикорӣ меравам.

– Хайр, бачаам, – гуфт холаш, – сафарат нек, умрат дароз, танат сиҳат, дилат беғам бошад, асло рӯзи бадро набинӣ!

Давлатхотун бо орзую умед аз қафои

пешина
аз 161
навбатӣ