Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

кашад.

Садафмоҳ инро дида «магар ёри аз ман ҳам хушрӯйлару хубтар дорӣ, ки ин қадар оҳи сард мекашӣ?» гуфта ӯро коҳиш мекунад.

Абдуҳалим мегӯяд:
— Не, аз ту беҳтару хубтар ёре надорам, лекин ман ҳам падару модар, хешу табор ва ёру диёр доштам. Ҳамонҳоро ба ёд оварда, оҳ кашидам.

Садафмоҳ ин гапро ба падараш расонд. Подшоҳ онҳоро ҷавоб дода ба ватани Абдуҳалим мегуселонад. Абдуҳалим баъди ҳафт шабу ҳафт рӯз ба ватанаш расида меояду мебинад, ки падару модараш аз ғаму фироқи вай пир шудаанд. Онҳо писари бенишон шуда рафтаашонро дида ба ҷисмашон қувват даромад, хушу хурсанд шуданд, боз тӯю тамошо дода, ба муроду мақсадашон расиданд.

ДЕВОНАҲУСАЙНИ

Буд, набуд, як замоне ду хоҳар буд. Хоҳари калонӣ як писар дошт, хоҳари хурдӣ як духтар. Писарак Ҳусайни ном дошту духтарак Давлатхотун. Ҳусайни шӯху ҳазлбоз буд, рафтори аҷиб дошт, бинобар ин ӯро Девонаҳусайни меномиданд.

Девонаҳусайни Давлатхотунро дӯст медошт. Рафта-рафта дар дили ӯ ишқи Давлатхотун

пешина
аз 161
навбатӣ