Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Меравад.
– Эй ақл, – мегӯяд бахт, – гапи ту рост будааст, аз гуноҳам гузар, агар ту ҳозир рафта, ба бача ёр нашавӣ, нобуд мешавад.
Ҷаллод нав кордро ба гардани Абдуҳалим монда буд, ки ақл расида омада, ба ҷисми Абдуҳалим даромад. Абдуҳалим як қад парида нимхез мешавад.
– Чӣ кор карда истодаӣ? – мегӯяд ӯ ба Садафмоҳ. – Зуд дасту поямро кушо!
Абдуҳалим саҳар барвақт хеста, сару либоси тозаю озода пӯшида, ба пеши подшоҳ мераваду ду дасти адаб ба болои сина гузошта «ассалому алайкум, подшоҳи олам» мегӯяд.
– Аз боло гузаранд, аз боло гузаранд, – гуфта маҳрамҳо ба вай ҷо нишон медиҳанд:
– Тақсири олам, шумо маро аз бозор харида омадед, лекин ман ғуломбача нестам, писари як марди деҳқонам. Аз бачагӣ ақлам набудааст. Ман бист хум тило ёфтаму ба дигар касон дода, худам ягон дона нагирифтам. Савдогарҳо маро дуздида оварда фурӯхтанд. Ана ҳамин қадар сирру воқеаҳо аз сарам гузашт. Ман ҳамин шаб донистам, ки ман дар куҷо гаштаам.
Баъди ин воқеа Абдуҳалим чунон гапҳое мезанад, ки ҳама ба вай қоил мешаванд.
Аз байн чанд сол мегузараду рӯзе Абдуҳалим ёди падару модар ва ватан карда, оҳи сарде ме-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё