Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

АфсонаҚисса
Аз аввал хондан

Ҳаққи вай бача ҳам ҷабр шуд, рафта бинед, ки аҳволи вай чӣ шуд?

Вазир рафта дида омада мегӯяд:

— Подшоҳи олам, умратон гузашта истодааст, духтаратон калонакак шуда монд, ғуломбача ҳам ҷавони хушрӯй шудааст. Агар ҳамдигарашонро нағз бинанд, ғуломбачаро домод кунеду монед.

Подшоҳ маслиҳати вазирро маъқул мекунаду чил рӯз тӯй дода, Садафмоҳро ба Абдуҳалим никоҳ карда медиҳад. Як рӯз нагузашта, домоди нав либосҳои нав дар бар ба кӯча мебарояду беҳудагардӣ мекунад. Як рӯз не, ҳар рӯз аҳвол ҳамин. Подшоҳ ин аҳволро дида, ба ғазаб омада, ба духтараш мегӯяд:

— Ба ин ғуломбачаи беақл расида чӣ кор кардӣ? Маро дар назди хурду калон, дӯсту душман шарманда кардӣ? Мардум ҳар рӯз шавҳаратро дар байни хоку лой мебинанд, вай ақл дорад ё не?!

Гапи падараш ба Садафмоҳ сахт таъсир карду ҳамон шаб мардикор оварда, дар даруни хонааш як ҷоҳ кофтод. Бегоҳ ҳамин, ки Абдуҳалим омад, дасту пои вайро басту ба лаби ҷоҳ оварда, ҷаллод ҷеғ зада, сарашро буридани шуд. Абдуҳалим бошад, ҳеҷ чиз нагуфта, итоат кард. Ақаллан «барои чӣ дасту поямро бастӣ, барои чӣ ба дастат корд гирифтӣ?» гуфта напурсид.

Ҳамин вақт бахт доду фиғон карда ба сари ақл

пешина
аз 161
навбатӣ