Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Подшоҳ гапи вазирро гирифта, фармон медиҳад, ки Абдуҳалимро ба зиндон андозанд. Бача ба зиндон медарояду ягон даҳон «маро барои чӣ ин ҷо овардетон, барои чӣ ҳабс кардетон?» гуфта намепурсад.
Аз байн чанд рӯз мегузараду подшоҳ духтарашро ба назди худ ҷеғ зада мегӯяд:
— Духтарам, аз мамлакати Чин хостгорҳо омаданд. Ман туро ба шаҳзодаи он ҷо доданӣ, чӣ мегӯй?
Садафмоҳ мегӯяд:
— Ман ғайр аз ҳамон ғуломбача каси дигарро намехоҳам!
— Ғуломбачаро ба сафари дурудароз фиристодам, кай омаданаш маълум нест, — мегӯяд подшоҳ.
— Майлаш, — мегӯяд Садафмоҳ. — Баъд аз панҷ ё даҳ сол биёяд ҳам, мунтазир мешавам.
Садафмоҳ дар зиндони падараш будани Абдуҳалимро медонист. Худи ҳамон рӯз вай ба бозори мардикорҳо рафта, ду ҷавони қавибозуро киро карда, аз таги хонаи худаш то таги зиндон роҳ меканонаду таомҳои нағз-нағзу бомаза пазонда, бурда ба Абдуҳалим додан мегирад.
Аз байн панҷ сол мегузарад. Рӯзе подшоҳ ба вазираш мегӯяд:
— Духтарам ба ҳеҷ кас намерасам мегӯяд. Ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё