Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Подшоҳ қарор дод, ки ин мард девона аст, фармуд, ки зада пеш кунанд. Деҳқон хурсанд шуда, ба хонааш баргашт. Аз ҳамон рӯз сар карда, зиндагиаш тинҷ шуд. Сахтӣ, ки дида буд, ғами бечорагонро мехӯрд ва хушбахт буд, ки метавонад ба ҳоҷатмандону бенавоён дасти ёрӣ дароз кунад.
БАХТ БОШАДУ АҚЛ НАБОШАД, ЧӢ МЕШАВАД?
Буд, набуд, як марди деҳқон буд. Дар оилаи вай як писар таваллуд шуд. Номашро Абдуҳалим монданд. Як рӯз ақл ва бахт пеши гаҳвораи бача омада, баҳс карданд. Ақл гуфт:
— Агар ман ба ҳамин кӯдак ёр шавам, бадавлату хушбахт мешавад.
Бахт гуфт:
Ту бошӣ, ё на бошӣ, аҳамият надорад. «Бахту давлат» гуфтагӣ гап ҳаст. Агар ман ба кӯдак ёр шавам, вай ҳам доно мешаваду ҳам бадавлат.
Ақл ин гапро шунида «хайр, майлаш, ту ба вай ёр шав, лекин ҳаминро дон, ки ман як рӯз ба ин бача, албатта, даркор шуда мемонам», гуфту баромада рафт.
Солҳо гузаштанд, Абдуҳалим калон шуд. Вай як рӯз ба як баландӣ баромада, атрофро тамошо кард. Баъд он тарафи баландӣ фаромада он ҷо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё