Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

бошад. Аз зиндон, ки озод шудам, рафта дуздро меёбаму кӯзаамро талаб мекунам. Дузд иқрор намешавад. Ҳатман мегӯяд, ки кӯза аз они вай аст. Маҷбур мешавам ӯро ба маҳкамаи қози кашам. Қозӣ, албатта, мепурсад, ки кӯзаам чӣ хел буд. Ман бо дастонам мефаҳмонам, ки он чи қаде дошту чи баре, даҳонаш чи қадар буд. Қозӣ кӯзаро оваронда, дурустакак нигоҳ карда, мебинад, ки гапи ман рост аст, ҳукм мекунад, ки дузд кӯзаамро диҳад. Ман дар зиндон нишаста, чи хел нишон додани қаду андозаи кӯзаро ба қози машқ мекардам.

— Ту боз маро фиреб медиҳӣ! — фарёд кард подшоҳ. — Баред ӯро ба зиндон ва коре кунед, ки рости гапро гӯяд.

Деҳқонро боз ба зиндон андохтанд ва каҳи кӯҳна оварда, ба рӯяш қаланфур пошида, даргиронданд.

Каҳдуди тунд нафасашро гардонд, вай тоқат карда натавониста, дод гуфт:

— Маро пеши подшоҳ баред, ман рости гапро мегӯям.

Ӯро пеши подшоҳ бурданд. Деҳқон ба подшоҳ наздик шуда, даҳонашро пеши гӯши ӯ бурду гуфт:

— Он номаъқулиеро, ки бо ман кардӣ, дигар такрор накун, ки каҳдуд нафаси касро мегардондасту чашму даҳону биниро месӯзондааст.

пешина
аз 161
навбатӣ