Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
-
Эй савора! - гуфт деҳқон, - назди ман биё!
Савора пешаш омада, вохӯрдӣ карду пурсид: -
Хӯш, ака, чӣ гап дорӣ, маро аз роҳам доштӣ?
«Маълум, ки надидааст, - фикр кард деҳқон, -
беҳуда ҷеғ задаам». Ҳамин хел фикр карду ҷуфти говашро нишон дода гуфт:
-
Эй бародар, ман ба ҳамин говҳо нигаҳ карда, ҳайрон шуда истодаам - ба назарам ҳардуяшон як хел метобанд, лекин яктааш бояд зеботар бошад.
-
Ман вақти тамошои говҳои туро надорам!
-
ранҷид савора. - корам зарур.
Савора ҳамин суханро гуфту ба аспаш қамчин зада, ба тарафи роҳ ронд.
«Корам зарур», - гуфт вай, - маълум мешавад, ки кӯначаро дидааст, зудтар рафта ба подшоҳ хабар додан мехоҳад. Магар беҳтар нест, ки ҳаққи ӯро ҳам диҳаму халос шавам.
-
Эй бародар, - гуфт деҳқон, - баргард, рости гапро мегӯям.
-
Модоме ки «рости гапро мегӯям» мегӯяд, пас ягон гапи муҳим дорад, - роҳгузар ҳамин хел фикр карду аз раҳаш баргашта, ба деҳқон гуфт:
-
Хӯш, чӣ шудааст он гапи росте, ки ту ба ман гуфтани ҳастӣ?
Боз деҳқон дудила шуда, фикр кард: «фақат одами аҳмақ сирри тилоро ба касе мегӯяд. Ман аҳмақ не! Намегӯям!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё