Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
– Ман холагардандарозро бурда диҳам, мо ҷангӣ шавем, ки оштӣ медиҳад?
– Мо дигар ҷангӣ намешавем! – гуфт мард. Духтар хурсанд шуда, уштурро ба ҳоким бурда дод.
МАРДИ ДЕҲҚОН ВА КӮЗАИ ЗАР
Буд, набуд, як деҳқон буд. Аз саҳар то аввали шаб заҳмат кашида, рӯз мегузаронид. Дар дил орзуе дошт он марди деҳқон: мехост бою бадавлат шаваду аз ин дунёи гузаро роҳате бинад.
Рӯзе ҷуфт меронд, ки нӯги сипор ба чизе бархӯрд. Кофта дид, ки як кӯза. Чаққон аз зери хок бароварда, даҳонашро кушоду мот шуд: даруни кӯза пур аз тангаҳои зар буд.
Марди деҳқон хурсанд шуда, кӯзаро ба халта андохта пинҳон кард. Пинҳон карду сар бардошта дар раҳе, ки аз назди саҳро мегузашт, аспсавореро диду ба дилаш алав афтод. Рафту ин одам кӯзаи зар ёфтани ӯро дида бошад, – фикр кард деҳқон, – пеши подшоҳ раваду хабар диҳад, подшоҳ «кӯзаи зар ёфтию барои чӣ ба мо хабар надодӣ?» гуфта, ӯро ба зиндон андозад, ҳоли бечора чӣ мешавад?! «Беҳтараш, фикр кард деҳқон, даъват кунаму зарро ду тақсим карда гирем. Ҳаққашро, ки гирифт, ба ӯ мегӯям, ки «сирри мардон – пӯшида беҳ аст, ба ҳеҷ кас даҳон накушо!».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё