Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Шон — гуфтанд.

Ин суханҳои шумоён не, — гуфт подшоҳ, агар шумоён медонистед, ҳамон рӯзи аввал ҷавоб мегуфтед. Рости гапро гӯед, кӣ ҷавоб гуфт? Агар ҳаққашро гӯед, зинда мемонед, нагӯед, сар аз танатон ҷудо мекунам!

Пирому донишмандон маҷбур шуданд, ки рости гапро гӯянд. Подшоҳ фармон дод, ки духтари оҳангарро назди ман биёранд. Навкарони подшоҳ омада духтарро бурданд.

Доно бошӣ, канӣ гӯй, ба чӣ сабаб ҷанҷол кардани гунҷишконро аз куҷо донистӣ? — пурсид подшоҳ.

Дар қаламрави шумо, — гуфт духтар, — чизу чораи бечорагонро кашида мегиранд, онҳоро азоб медиҳанд, ба онҳо рӯз намедиҳанд, лекин ҳеҷ кас ба ин коре надорад. Ба падари ман аз падараш як боғ мерос монда буд. Ҳамсояи мо ба падарам тӯҳмат карда, он боғро кашида гирифт. Падарам ба қозихона давид, пеши вазирони шумо арз карда омад, ҳеҷ кас ба гапи вай гӯш надод, ҳама тарафи бойро гирифтанд. Бесабаб нагуфта буданд, ки «даҳонаш каҷ бошад ҳам, гапи писари бой гап». Шумо хат карда навиштаед, ки «мулки падар — ҳаққи писар». Ин гап дуруст, лекин сухани шумо дар рӯи қоғаз мемоналу одамони шумо кори худашонро мекунанд.

пешина
аз 161
навбатӣ