Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Сабаби ҷанги гунҷишкон чист ва онҳо ба якдигар чӣ гуфтанд. Мо он гунҷишконро надидаем, сабаби ҷанҷолашонро аз куҷо медонем. Подшоҳ се рӯз мӯҳлат дод, агар дар ин се рӯз ба саволаш ҷавоб нагӯем, сари ҳамаамонро аз танамон ҷудо мекунад. Аз афти кор, умри мо охир шудааст.
— Агар ҷавоб ёфта натавонетон, ман ҷавобашро ба шумоён мегӯям гуфт, — духтар.
Донишманд:
— Ту духтари беадаб маро масхара мекунӣ! — гӯён роҳи худро пеш гирифт.
Донишманду пирони хирадманд се шабу се рӯз фикру баҳсу мунозира карда, ҷавоби саволи подшоҳро ёфта натавонистанду «аз карнайчӣ як пуф» гӯён, ноилоҷ ҳамон ошнои оҳангарро пеши духтар фиристоданд.
Духтар гуфт:
— Аз подшоҳ як хат биёред, ки мулки падар ба писар мерасад, ё ба каси дигар.
Донишмандон рафта, аз подшоҳ як хат оварданд. Подшоҳ навишта буд, ки мулки падар — ҳаққи писар.
Духтар хатро хонда пинҳон карду гуфт:
— Он ду гунҷишк барои лона меҷангиданд. Ба яке хона аз падар мондааст, дигараш бегона аст, бо зӯрӣ лонаро аз соҳибаш гирифтан мехоҳад.
Донишмандону пирони хирадманд назди подшоҳ рафта, ҷавоби духтарро аз номи худа-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё