Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Ба ту ман як маслиҳат медиҳам. Агар аз рӯи маслиҳати ман кор кунӣ, мумкин аст, ки ба муроду мақсадат расӣ. Ту як навъ карда, ҳозир ба тағи қаср рафта, ягон чуқурие кану дар даруни вай даромада ист. Шаб ки шуд, баъд аз ними шаб аз даруни чуқурӣ саратро намоён кун. Аспу бузу тозӣ сари туро дида чиррас мезананд. Ту даррав худат ро паноҳ кун. Водарег мебарояду ба ҳар тараф бо дурбин нигоҳ мекунад, ҳеҷ касро намебинад. Баъд аспу бузу тозиашро ҷанг мекунаду даромада хоб меравад. Боз ту нисфи танатро намоён кун аспу тозию буз, ки чиррас заданд, даррав паноҳ шав.

Водарег боз мебарояду ба чор тараф нигоҳ мекунад, ҳеҷ касро намебинад, аспу тозию бузро бисёр сахт ҷанг карда, даромада хоб меравад. Ҳамин вақт то сари зонуят боло шаву даррав паноҳ шав. Аспу бузу тозӣ аз нав чиррас мезананд. Водарег боз мебарояду ба чор тараф нигоҳ мекунад, баъд ба аспу тозию бузаш мегӯяд: «Ба ҳаққи худо, агар боз дод гӯеду баромада бинам, ки касе нест, сари ҳар сеятонро мегирам!»

— Ту боз каме исту ин навбат аз даруни чуқурӣ давида баро ва гашта даррав паноҳ шав. Ин дафъа аспу бузу тозӣ бисёр чиррас мезананд.

Водарег баромада, бо дурбин чор тарафро назар мекунад, ҳеҷ касро, ки надид, дар ғазаб шуда, аспи тозию бузашро мекушад. Баъд аз ин ту нигоҳ карда шин, то ки хоби Водарег барад. Баъд

пешина
аз 161
навбатӣ