Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

пурсид:
— Ин рамаи кист?
— Ин рамаҳо аз они Водареғ, — гуфтанд чӯпонҳо.
— Ҷои исти Водареғ дар куҷо, шумо медонед? — пурсид вазирбача.
— Не, мо ҷои исти вайро намедонем. Ҳамин қадараш маълум, ки дар ҳар чил рӯз як омада аз ҳолу аҳволи мо хабар гирифта меравад, мо аз ҳусни вай маст шуда мегардем, — гуфтанд чӯпонҳо.

Вазирбача боз ҳафт шабу ҳафт рӯз асп давонда, ба ҷое расид, ки чанд галаи аспу шутур чарида мегашт. Аз галабонҳо пурсид:
— Ин галаҳо аз они кист?
Онҳо гуфтанд:
— Аз они Водареғ.
Вазирбача пурсид:
— Ҷои исти худи Водареғро намедонед?
Галабонҳо гуфтанд:
— Не, мо намедонем, дар ҳар чил рӯз омада, аз ҳолу аҳволи мо хабар гирифта, як ҷамолашро нишон медиҳад, мо чил рӯзи дигар масту хурсанд мегардем.

Вазирбача боз ҳафт шабу ҳафт рӯзи дигар роҳ гашта, ба ҷое расид, ки чил кас замин шудгор карда истодаанд. Аз асп фаромада саломуалек карду камтар об талаб карда хӯрду баъд пурсид:

пешина
аз 161
навбатӣ