Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

АфсонаҚисса
Аз аввал хондан

— Ин замин, ин мулк аз они кист?
Деҳқонҳо гуфтанд:
— Ин замин, ин мулк аз они Водарёг, мо одамҳои вай ҳастем.
— Ҷою маконашро медонед?
Онҳо гуфтанд:
— Не, мо ҷою маконашро намедонем.
Вазирбача як оҳи бадард кашид, як мӯйсафед пурсид:
— Писарам, ба ту чӣ алам расида, ки ин қадар оҳи бадард кашидӣ?
Вазирбача саргузашташро гуфта дод. Мӯйсафед гуфт:
— Писарам, ба савдои мушкил афтодай, ҳоло ҳам аз роҳат гард, мабодо аз дасти Водарёг кушта шавӣ.
Вазирбача гуфт:
— Барои ман роҳи баргашт нест, ё ба мақсадам мерасам, ё сарамро дар ин роҳ қурбон мекунам!
Мӯйсафед ин гапро шунида гуфт:
— Ин хел бошад, гӯш кун! Аз ин ҷо боз ҳафт рӯзи дигар роҳ рафта, ба дарёи азиме мерасӣ, аз дарё, ки гузаштӣ, дар лаби дарё як суфа ҳаст, ҳамон ҷо ҷои дамгирии Водарёг аст. Вақте ки ба он ҷо рафтӣ, аспатро ба шохи чанор мебандӣ, як кас оҳангарӣ мекунад, ин одам ошнои ҷонии Водарёг аст, агар аз ҳамон пурсӣ, макони Водарёгро мегӯяд.

пешина
аз 161
навбатӣ