Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Ҷояш хом. Ошро дам партофта буд, ки сиёҳпӯш омад.
– Ҳа, канӣ оши пухтагиат? – гуфт.
Вазирбача ошро кашида омад, хайр, дар вақти хӯрдан гап назаду баъди ошро хӯрда шудан гуфт:
– Бародар, ман нагуфта будам, ки оши нағз паз? Ту чӣ хел ош пухтӣ?
Вазирбача маҷбур шуд воқеаи гузаштаро гуфта диҳад.
Водареғ гуфт:
– Пагоҳ ту ба ҷанг меравӣ, ман ош тайёр мекунам! Ту аспи маро гир, либосҳои маро пӯш, ҳеҷ кас нафаҳмад, ки паҳлавони дигар меҷангад.
Хайр пагоҳ ин сарулибоси Водареғро пӯшида, ба аспи Водареғ савор шуду ба ҷанг даромада, аз як тараф душманро қир кард. Водареғ ба пухтани оши палав сар кард. Ош тайёр шуда буд, ки дев омада аз Водареғ пурсид:
– Камтар хӯрок надорӣ, бисёр гурусна мондам, – гуфт.
– Даро, дар ошхона ош ҳаст, камтар гирифта хӯр, – гуфт Водареғ.
Дев ба ошхона даромада буд, ки ин аз пушташ даромада дари ошхонаро пӯшиду ба шамшер зад, каллаи дев аз танаш ҷудо шуд.
– «Ҳоло туро бин, туро бин», – гуфта риши садваҷабиаш аз думаш кашол баромада рафт.
Водареғ аспро савор шуда, аз паси вай сур

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё