Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Дида, дилаш ваҳм карду худ ба худ гуфт: «Ман худамро ба доми аҷал задам, як кас бо ин қадар аскар чӣ хел ҷанг мекунад».

Вазирбача дар ҳамин хаёл буд, ки Водарғ масолеҳи хӯроки оварда, дар пеши вазирбача монду гуфт:

– Ман ба ҷанг медароям, лекин то баромадани ман як дег оши кори калони дастӣ пухта мемонӣ!

Вазирбача хуб гуфту аз паи кор шуд. Водарғ ба ҷанг даромад. Чунон ҷанг кард, ки дар байни якчанд соат ними зиёди аскари подшоҳро қир кард.

Вазирбача дасту остин барзада, ба ҳавсалаи тамом як дег оши палав пухту ошро дам партофта сиёҳпӯшро нигоҳ карда нишаста буд, ки як дев омад: худаш як ваҷабу ришаш сад ваҷаб. Омаду аз вазирбача пурсид:

– Камтар авқот надорӣ, ки бисёр гурусна мондам!

Вазирбача, ки ду чашмаш ба роҳи сиёҳпӯш буд, гуфт:

– Рав, аз дег як кафгир гирифта хӯр!

Дев рафту ҳамаи ошро паққос хӯрда, дегро чаппа карда рафт. Як вақт вазирбача омад, ки дар дег ҳеҷ чиз нест, ҳайрон шуду «Оббо, шарманда шудам-ку» гуфту саросема як деги дигар ош пухт, гӯшташ хом, биринҷаш як ҷо пухтагӣ, як

пешина
аз 161
навбатӣ