Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Гуфт:

Аспи сиёҳи чубкара, Ёло дора, ёли барра Кофарбача сар мебура, Ай по кашидум мӯза, Ҷоҷои корд месӯза, Сад тири сӯзон хурдай, Дар ишқи духтар мерава.

Асп пеш-пеш, одамҳо рафта мурдаи Тоширо аз таги чанор ёфта, оварда гӯрониданд.

Рӯзи дигар саҳарии барвақт духтар ба хушдоманаш гуфт, ки:

– Биё, сари қабри бачаат биравем.

Баъд, оҳиста як корди қаламтарошро гирифта ҳамроҳи хушдоманаш сари қабри Тошӣ рафтанд. Дар сари қабри Тошӣ чӣ қадар гиряву нолаҳо карда, бармегаштанд, ки зани Тошӣ ба хушдоманаш гуфт, ки:

– Шумо дар ҳамин ҷо истед, ки ман як пойи кафшамро дар сари қабр мондаам.

Хушдоманаш истод. Зани Тошӣ омаду ба сари қабр бо қаламтарош дилашро чок кард, ба болои хок дароз кашид, мурд.

Вайро ҳам дар қабати қабри Тошӣ гӯрониданд.

Се пагоҳ омада мебинанд, ки ҳар дуяшон дар

пешина
аз 161
навбатӣ