Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Тошӣ:
— Ин рақиби ман аст, чаро ман наравам?
Тошӣ гапи занашро гӯш накард, нангаш омада танҳо ба ҷанг рафт. Зани Тошӣ гуфт:
Тоширо дидорӣ кунед,
Ҷонша харидорӣ кунед,
Тошӣ белашкар меравад.
Бо тиру тиркаш меравад.
Тошӣ дар майдони ҷанг чунон ҷангид, ки ҳамаи лашкари душманро қир карда, аз каллашон манора сохт. Хуни душман чун оби дарё равон шуд. Подшоҳи Фаранг гурезон шуд. Баъд Тошӣ омада аз хусураш фотиҳа гирифта, пеши занаш мерафт, ки баҷаҳои амакаш дар таги чанор бо нияти бад истодаанд, Тоширо дида гуфтанд, ки:
— Эй бародар, биё, як сару гарданро тоза карда равем.
Тошӣ гуфт, ки:
— Ман вақт надорам.
Онҳо маҷбураш карда, мӯйи сарашро чаппа тарошиданд, аз пушти сараш бо ханҷар сарашро буриданд. Аспаш, ки дар чанор баста буд, якбора шиҳа кашиду аз шохи чанор канда шуда, пеши зани Тошӣ омад. Занак аспро дида афсӯс хӯрда:
— Ҳай, дареғ, Тоширо куштаанд, — гуфта байте

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё