Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Як қабр. Баъд гирифта ҷудо меғӯронанд. Рӯзи дигар боз омада мебинанд, ки ҳардуяшон оғӯш ба оғӯш хоб кардаанд. Боз канда алоҳида — алоҳида меғӯронанд. Сари ҳафта омада мебинанд, ки дар сари қабри Тошӣ гули сурх ва дар сари қабри духтар гули кабуд баромадааст.
Мегӯянд, ки гули ошиқи печон, аз ошиқию маъшуқии Тотию духтари подшоҳ мондааст.

ВОДАРЕҒ

Як подшоҳу як вазир буд, зани ҳар дуяшон умедвори фарзанд буданд, вақту соаташ расиду зани подшоҳ духтар зоид, зани вазир писар. Оҳиста-оҳиста давраи бачагӣ гузашту духтару писар ба якдигарашон меҳр бастанд.
Як рӯз писари вазир ба падараш сири дилашро кушода гуфт:
— Агар зан мегирифтагӣ бошам, фақат ҳамин духтари подшоҳро мегирам, агар подшоҳ духтарашро ба ман надиҳад «ҳу» гуфта, қаландар шуда баромада меравам!
Вазир ин гапҳоро шунида, сарашро хам карду гуфт:
— Писарам, подшоҳ духтарашро ба писари вазир намедиҳад, вай худаш барин қудои подшоҳро мекобад.
Бо вуҷуди ин, вазир ба пеши подшоҳ рафта,

пешина
аз 161
навбатӣ