Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

давлат будам. Писаронам ҳам паҳлавонони шуҷоъ буданд. Рӯзе ба болои боми мо се кабӯтар омада нишаст. Кабӯтарон фаромада, дар рӯи хокистартӯда ғел зада, се парӣ шуданд ва писарони ман изҳори муҳаббат карданд. Писаронам ба онҳо хонадор шуданд. Чандин сол хурсандона зиндагонӣ кардем. Рӯзе як парча абр аз осмон фаромада, ба як дев мубаддал шуду келинҳои маро чанг зада, ба осмон бардошта бурд. Писаронам аз паси занҳояшон баромада рафтанд. Зиндагии ман талх шуд. Шамшерҳои онҳоро ба девор овехтам, аз се писар ҳамин се нишон монду халос.

Духтар ин қиссаро шунида, ғамгин шуд ва ҳамон шаб хоб кард. Як мӯйсафед ба хобаш даромада гуфт:
— Хез, се шамшерро гирифта, ба ҳамдигараш зан, як асп пайдо мешавад, туро ба пеши фарзандони мӯйсафед мебарад, онҳо дар лаби ғор. Занҳояшон дар ҳамон ғор. Пагоҳ рӯзи ҷумъа, дар ин рӯз дев париҳоро баста, худаш хоб меравад. Се рӯз хоб меравад, сарашро бурӣ ҳам, аз хоб бедор намешавад. Ту саҳарӣ катӣ ба ғор фаравон, аз таги забони дев нигинашро гир, ҷони дев дар ҳамон нигин. Ҳамон замон аз ғор баро. Ҳамин ки дев хест, ту нигинро пахш кун, дев баромада, «нигинамро деҳ» гуфта ба ту тавалло мекунад. Ту гӯй, ки агар ғуломи ман шуда, як

пешина
аз 161
навбатӣ