Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
кунандаро ҷустуҷӯ намуд, дид, ки як мӯйсафеди барҷомонда, дар таги як дарахт гириста шиштааст. Пешаш рафта салом дод.
Мӯйсафед ба саломаш алек гирифта, пурсид, ки ӯ кист, аз куҷо меояд, куҷо меравад.
Ман роҳро гум кардам, намедонам куҷо равам, — гуфт духтар.
Мӯйсафед чизе нагуфта, назада, ӯро гирифта ба хонааш оварда гуфт:
— Ғамам чунон зӯр аст, ки гуфта наметавонам. Ҳозир ба ту ҳамин қадар мегӯям, ки бекасу кӯй ҳастам. Агар хоҳӣ, ба ман фарзанд шав, ба ҷои писарам бош.
Духтарак аз духтар буданаш сир надода, розӣ шуд.
Мӯйсафед як хонача дошт, дараш ҳамеша қулф буд. Ҳаргиз дари вайро намекушод. Як рӯз замин ҷунбиду девори хонача афтид. Духтарак омада, ба даруни хона нигоҳ карда дид, ки дар он ҷо чизе нест, фақат дар як кунҷак сето шоф овехтагию тамом. Ҳамин вақт мӯйсафед омада монд.
Вай фиғон бардошта ба пеши шофҳо афтод. Духтарак ӯро тасалло дода, аз замин бардошт.
- Ту писарам барин ба ман хизмат кардӣ. Акнун ман ба ту саргузаштамро гуфта медиҳам. Ин се шоф аз они се писарам. Дар вақташ ман ба-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё