Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Дев як даста ресмони садгазиро ба бобои тарсанда дод ва як даста ресмони садгазии дигарро худаш гирифта, ду кас ба тарафи боғ равон шуданд, ба боғ расиданд. Дев ба як тараф рафту ба бобои тарсанда гуфт:

— Ҷӯра, ту аз ин ҷо ҳезум кун, ман аз он ҷо.

Бобои тарсанда дид, ки дев кундаҳоро аз решааш канда истодааст, гаранг шуду ресмонро гирифта, ба танаи сад бех дарахти мевадор баста, як нӯги ресмонро дошта истод. Як вақт буд, ки дев кӯҳ барин ҳезум бардошта омад, дид, ки ҳамроҳаш дарахтҳоро баста нӯги ресмонро дошта шиштааст.

— Ҳа, ҷӯра чаро ҳезум ҷамъ накарда, дарахтҳоро баста мондӣ? — гуфт дев.

Бобои тарсанда гуфт:

— Овора шуда ҳезум чинда мегардам? Ана ҳозир як зӯр мезанам, ҳамаи дарахтҳо решакан мешаванд, бардошта рафтан мегирам-дия.

Ҳуш аз сари дев канд, таваллову зорӣ карда гуфт:

— Дар боғи падари ман буду шуд ҳамин қадар дарахт ҳаст, инҳоро канӣ, маро хонахароб мекунӣ, ҷон ҷӯраҷон, ин тавр накун!

Бобои тарсанда розӣ шуд. Дев ресмонро кушода, ба бобои тарсанда доду худаш ҳезумро бардошт, ҳар ду равон шуданд. Дев чӣ қадар роҳ рафта монда шуду дам гирифт. Бобои тарсанда аз дилаш гузаронд, ки «мумкин, ёрдам кун, ту

пешина
аз 161
навбатӣ