Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Афтод, кундаро оварда, ба ҷои худаш хобонда, болои кундаро ба кӯрпа пӯшида ба токҷаи пушти дари хона баромада нигоҳ карда истод.

Шаб аз нисф гузашт. Деву модараш гурзи оҳани садманиро бардошта омада ҷои хоби бобои тарсандаро ҳамчунон заданд, ки кунда монанди орд майда шуд. «Акнун мурд» гуфтанду рафта хобиданд. Бобои тарсанда аз як токҷа фаромада, кундаи майда шударо бурда партофту худаш ба ҷоғаҳ даромада хоб рафт. Пагоҳ деву модараш «рафта бинем, устухонҳояш чи хел майда шуда бошад?» - гӯён ба хонаи берун баромаданд. Бобои тарсанда онҳоро диду ба паҳлӯ гашт. Дев дар ҳайрат монда гуфт:
– Ҳа, бародар, нағз хоб рафтӣ?

Бобои тарсанда гуфт:
«Нағз хоб рафтаму аз афти кор, дар хонаат пашша будааст, ки баданамро газидагӣ барин шуд».

Деву модараш аз ин гапи бобои тарсанда ба ларза даромада гуфтанд, ки «агар зарби гурз пашша газидагӣ барин таъсир карда бошад, ин одам набудаасту балои азим будааст. Аз ин халосӣ нест». Дев рафта як пойи хӯрчин тило оварда, ба бобои тарсанда доду гуфт:
– Ҷӯра, имрӯз ман туя ба боғи падарам бурда тамошо медиҳам, сонӣ ҳар дуямон кам-камакак ҳезум ҷамъ карда мебиёем.

пешина
аз 161
навбатӣ