Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
Барои чӣ аз бемор талаб мекунанд, ки ҳамаи доруҳо, сару либос, бистару болин, косаву табақ биёранд? — ба шӯр омад амаки Абдураҳим ва рӯйхати доруҳоро ба ӯ дароз кард.
Санавбар Каримова рӯйхатро гирифта:
— Оташин нашавед, додари азиз, ҳамаашро ҳал мекунем, — гуфт оромона.
— Як қисми доруҳоро овардам. Боқимондаашро пагоҳ мебиёрам гуфтам. Дигар пул надорам, чӣ кор кунам? — илова намуд амаки Абдураҳим.
Сардухтур рӯйхатро аз назар гузаронда:
— Ҳоли ҳозир ҳамин доруҳои овардаатон кифоя. Зарур шавад, баъд гап мезанем. Ман ба духтури муолиҷакунанда албатта гап мезанам. Даъвои шумо асос дорад, лекин давлат, ки камбағал аст, барои эҳтиёҷоти беморхона маблағи пурра ҷудо карда наметавонад. Барои ҳамин духтурҳо маҷбуранд, ки ...
— Хоҳари азиз, шуд, фаҳмидам, — гуфт сухани ӯро бурида амаки Абдураҳим, — ман назди шумо омадам, ки кӯмак мерасонед. Маълум мешавад, ки фоида надорад.
Амаки Абдураҳим дигар ба гапи сардухтур гӯш накарда, аз ҷой хесту дарро сахт пӯшида баромада рафт. То истгоҳи автобус рафту ба харак нишаста дам гирифт. Баъди андаке вақт оташи ғазабаш паст фуромада асабаш ором гардид ва аз муносибати дағалонааш бо сардухтур пушаймон шуд: гуноҳи духтурҳо чӣ? Модоме ки аҳвол чунин аст, аз дасти онҳо чӣ меояд? Ва худ андешид, ки дар ин замонаи душвору пурмашаққат ба умеди касе шудан бемаънист, чархи зиндагии худро худи кас гардонад, ба доди худ худаш бояд расад, илоҷи дигаре нест. Замин сахту осмон баланд.
Дидорбинӣ
Аз он рӯзе, ки Беҳрӯз ба беморхона афтид, қариб ҳар рӯз ёру ҷӯраҳо ва ҳамсинфонаш барои аёдати вай меомаданд. Ӯро аксари хурду калони деҳа мешинохтанд, дар байни ҳамсолони худ обрӯю эътибор ва иззату ҳурмат дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё