Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
расонданд, дар бораи пул гап намезаданд. Ҳозир-чӣ? Ба мактаб равӣ – пул те, ба беморхона равӣ – пул те! Ё тавба! Илоҳо касал нашавӣ, ба беморхона ки афтодӣ, ғорат мекунанд. Дору биёр, либос биёр, косаю пиёла биёр, спирт биёр, арақ биёр, фақат биёр, гапи дигарро намедонанд. Духтурҳо ин қадар беинсоф шудаанд. Қасами Буқрот хӯрдагиҳо ҳамин хел мешаванд? Мегӯянд, ки давлат пул намедиҳад. Ба ин гап кӣ бовар мекунад? Кору борашон дурӯғу фириб.
Пештар ӯ, амаки Абдураҳим, як коргари одӣ, ронандаи мошин буд, дар автобаза кор мекард, ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, ба Помир бор мекашонд. Супоришҳоро доимо ба ҷо меовард. Хурду калон ӯро ҳурмат мекарданд. Илова ба маош мукофотпулӣ мегирифт. Ба рӯзгораш мерасид, тинчу осуда зиндагӣ мекард. Аммо мардуми ношукр демократия, бозсозӣ гуфтанду ба дасисаҳо дода шуданд. Озодӣ гуфтанду шӯру мағал бардоштанд. Оқибаташ чӣ шуд — маълум: якдигарро куштанд, хонаи ҳамдигарро оташ заданд, гурезаю сарсону саргардон шуданд. Онҳое, ки ҷангро сар карда буданд, имрӯз соҳиби мансабҳои серпул, қасрҳои боҳашамат месозанд, дар мошинҳои хориҷӣ мегарданд, кайфу сафо доранд, вале мардуми бечора намедонанд, ки ҳисоби зиндагиро чӣ тавр ёбанд, барои як порча нон дар хориҷи Ватан таъқибу таҳқир мешаванд. Яктои онҳо худаш, амаки Абдураҳим. Баъди он ки автобазаро ғорат карда, мошинҳоро бурданд, фурӯхта несту нобуд карданд, вай ҳам бекор монд. Хайрият ки касби дуредгарӣ ҳам доштааст ва акнун ҳамин касб ва як порча замини пеши ҳавлиаш оилаи ӯро мехӯронад, вагарна чӣ кор мекард? Ба ҳар ҳол шукри Худо мегӯяд, ки замона тинҷ шуд, дунё ба умед гуфтаанд, зиндагӣ рӯз аз рӯз беҳтар мешудагист?
Амаки Абдураҳим доруҳоро ба духтур дода гуфт, ки боқимондаашро фардо меорад ва писарашро хабар гирифта, аз палата баромаду вориди утоқи кории сардухтур шуд. Сардухтур Санавбар Каримова, ки зани солхӯрдаи чеҳракушод ва ҳалиму меҳрубон буд, ӯро хуш қабул намуда, ба курсӣ шинонд ва арзашро шунид:
— Ин беморхонаи шахсӣ ё давлатӣ? Агар давлатӣ бошад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё