Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Вақте ки Ҳабиба дар бораи барқия, вохӯрӣ бо раиси ҷамоа ва маслаҳати ӯ нақл намуд, холаи Салима ҳиҷолат кашид:

— Ман мефаҳмам, ки шумо нафақат ҳамсинфон, балки дӯстони меҳрубони Беҳрӯз ҳастед. Лекин дар ин замораи қашшоқӣ ташвиш додани одамон лозим набуд.

— Не, хола, ин хел нагӯед. Баръакс одамон аз кори мо хурсанд шуданд ва ин пулро худашон ҳамчун хайрия доданд, — гуфт Кабир.

Холаи Салима пулро аз дасти Ҳабиба гирифта, болои кат монд ва дар ҳолате, ки ҳаяҷон тамоми вуҷудашро пахш намуда, ашк дар чашмонаш ҳалқа мезад, «раҳмат ба шумо, фарзандони азизам» гӯён аз пешонаи Кабир бӯсида Ҳабибаро ба оғӯш кашид. Вай духтаракро аз оғӯшаш сар надода, хунгоззанон гиря мекард. Гиряи ӯ омехтаи ғаму андӯҳ ва шодию сурур буд.

Табассуми ҷарроҳ

Дар як дивани сиёҳи рӯйкашаш кӯҳна, ки дар гӯшаи долон меистод, се нафар — амаки Абдураҳим, Ҳабиба ва Кабир нишаста буданд. Баъд аз соати даҳи пагоҳӣ Беҳрӯзро ба мизи ҷарроҳӣ хобонданд. Аз гуфти сардухтур — профессор Амон Пӯлодов тақдири ӯро ба яке аз ҷавонтарин ва беҳтарин ҷарроҳон, мутахассиси таҷрибанок Фаттоҳ Бобоҷонов супоридаанд ва боварӣ доштаанд, ки ҷарроҳӣ бомуваффақият мегузарад, чунки то ин дам ҳангоми ҷарроҳии ӯ ягон ҳодисаи ғайриоддӣ ва нохуше рӯй надодааст ва теғи буррою дастони шифобахшаш ба даҳҳо беморон умри дубора бахшидааст. Бо вуҷуди ин як гӯшаи дили амаки Абдураҳим сиёҳ аст. Охир худи профессор гуфт, ки дар кори ҷарроҳӣ касе сад фоиз кафолат дода наметавонад. Ҳамон як фоиз... Не, не, тавба, Худо дар паноҳаш нигаҳ дорад, умрашро дароз кунад. Хайр, то бад нагӯй, нек намеомадааст. Иншоаллоҳ ҳамааш ба хубӣ хоҳад гузашт.

Ваҳму воҳима ва овозаҳои муболиғаноку бардурӯғе, ки

пешина
аз 77
навбатӣ