Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Рӯзҳои охир маҳалларо фаро гирифт, асаби амаки Абдураҳим у холаи Салимаро вайрон кард. Мегуфтанд, ки духтурҳо каллаи бачаи бечораро кафонда, мағзи сарашро болои миз гирифта монда, мисли он ки биринҷро аз шолию курмак ҷудо мекарда бошанд, тоза кардаанд ва ин кори бисёр нозуку хавфнок будаасту аз сад кас як кас ё зинда мемондааст ё не.

— Ин гапҳоро кӣ гуфт? — бо қаҳру ғазаб мепурсид амаки Абдураҳим.

— Аз кӯча шунидам, — ҷавоб медод холаи Салима.

— Дурӯғ, бовар накун!

Шояд барои ҳамин рӯзи ҷарроҳӣ қариб ҳамаи хешу табор ва ҳамсояҳо ба беморхона рафтани буданд, аммо амаки Абдураҳим якпоя истода, садди роҳи онҳо шуд. Ҳатто Замираро рафтани намонд. Холаи Салима вақтҳои охир серкасал шуда буд, андаке зиқ шавад, фишори хунаш боло мебаромад. Ба духтараш гуфт, ки аз паи модараш шавад. Фақат ба Ҳабибаю Кабир иҷозат дод, ба умеди он ки агар ягон кори зарур баромада монад, онҳо ёрӣ расонанд.

Утоқи кории сардӯхтур профессор Амон Пӯлодов боз шуду аввал ду нафар духтурони хиҷлати сафедпӯш, сипас худи ӯ баромаданд. Профессор духтурҳоро то дари даромадгоҳ гуселонда, пас гашт ва ба одамони дар долон ҷамъомада нигарист:

— Ҳавои ин ҷо бисёр вазнин шудааст, дар берун интизор мешудед, хуб набуд? Он ҷо хараклар ҳаст, бемалол шишта аз ҳавои тоза нафас мегирифтед. Ба ғайр аз ин ба дароюбарои духтурҳо халал намерасондед.

Амаки Абдураҳим ва ҳамроҳонаш мунтазири ҳамин гап будаанд магар, ки зуд рӯи ҳавлӣ баромада, хараки назди даромадгоҳро банд карда нишастанд. Дигарон ҳам аз паси онҳо рафтанд.

Амаки Абдураҳим, ки соаташро фаромӯш карда дар хона монда буд, ҳар каси соатдорро бинад, вақтро мепурсид. Ба назараш ҳар дақиқа мисли як соат мегузашт, гӯё вақт таваққуф кардааст. Шунида буд, ки амалиёти ҷарроҳӣ вобаста ба касалӣ ҳар хел — яъне ним соат, як соат ва чор-панҷ соат

пешина
аз 77
навбатӣ