Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

— Не, наёфтӣ! — хандид Кабир.

— Наёфтӣ! — гуфт Ҳабиба.

— Набошад, худат гап зан. Ман аз куҷо донам?

Холаи Салима як хурма шир бардошта омад.

— Беҳрӯз фатири ширдорро нағз медид, — гуфт холаи Салима, — се-чорта фатир пухта барам гуфтам, шояд ба иштиҳо дарояд. Рӯзҳои охир камхӯрок шудааст, ҳар хел хӯрока намехӯрад. Ба назарам хафаю дилтанг менамояд.

Вай оҳе кашиду хона даромада орд баровард ва машғули хамиркунӣ шуд.

— Бачаякам ба касофати ҷанг ба дарди бедаво гирифтор шуд, — ба ғазаб омад модар, — илоҳо хонаи ҷангро саркардагиҳо сӯхта хокистар шавад, хӯрдагиашон заҳр шавад.

— Рост мегӯед, хола, — гуфт Ҳабиба, — ҳамин ҷанг ба кӣ даркор буд?

— Бачаи холаи ман дар ҷанг гум шуд, — гуфт бо афсӯс Кабир. — Як шаб автоматдорон омада, ӯро гирифта бурданду дигар наомад. Холаам то имрӯз интизор, ки бачааш меояд, лекин аз вай дарак нест. Намедонем, ки зинда аст ё мурда. Холаам гиря карда мегӯяд, ки ақаллан мурдааш меомад, дар дилам армон намемонд.

— Бачаи холаат чикора буд? — пурсид холаи Салима.

— Дар завод кор мекард.

— Гуноҳи вай бечора чӣ будааст?

— Гуноҳи вай бечора чӣ будааст?

— Дар митинг иштирок карда будааст.

— Эҳ, Худоё, дар митинг дигарҳо ҳам буданд-ку, — гуфт холаи Салима.

— Не, ин баҳона. Барои он бурданд, ки вай аз шаҳри дигар будааст, — хулоса кард Кабир.

Баъди он ки дар байн хомӯшӣ ба амал омад, Ҳабиба оҳиста аз ҷояш хеста ба холаи Салима наздик омад ва пули қоғазпечро дароз кард.

— Ин пул барои табобати Беҳрӯз.

— Чӣ хел пул? Кӣ дод? — холаи Салима дар ҳайрат монда намедонист, ки пулро гирад ё не.

— Гиред, хола, гиред. Ин кӯмаки одамон, — гуфт Кабир.

пешина
аз 77
навбатӣ